LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-14) ғолиби чемпионати CAFA-2022 шуд

Бо пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) дар Ҳисор мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 14-сола ба анҷом расид.

Мунтахаби наврасони кишвар таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар чаҳор бозӣ чор пирӯзӣ ба даст овард. Дар даври охирин бачаҳои мо бар дастаи Афғонистон бо ҳисоби 6:0 ғалаба карданд.

Медалҳои нуқраи ин мусобиқаро бозигарони Эрон ва нишонҳои биринҷиро футболбозони Ӯзбекистон ба даст оварданд.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 14-сола
Даври 1
Ӯзбекистон — Туркманистон — 8:1
Эрон — Афғонистон — 0:1

Даври 2
Туркманистон — ТОҶИКИСТОН — 0:9
Ӯзбекистон — Эрон — 1:3

Даври 3
ТОҶИКИСТОН — Ӯзбекистон — 4:0
Афғонистон — Туркманистон — 1:0

Даври 4
Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:1
Эрон — ТОҶИКИСТОН — 0:2

Даври 5
ТОҶИКИСТОН — Афғонистон — 6:0
Туркманистон — Эрон — 0:7

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив