LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-14) сеюмин пирӯзиашро дар CAFA-2022 ба даст овард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар Ҳисор ҷараён дорад, сеюмин пирӯзиашро ба даст овард.

Дар даври навбатӣ бачаҳои мо тими Эронро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд. Дар вохӯрии дигар мунтахаби Ӯзбекистон бар тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Як давр пеш аз анҷоми мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон (U-14) 9 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқот пешсаф аст. Дар рӯзи охирини мусобиқот, 18 ноябр тими мо бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 16:00 оғоз мешавад.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 14-сола
Даври 1
Ӯзбекистон – Туркманистон – 8:1
Эрон – Афғонистон – 0:1

Даври 2
Туркманистон – ТОҶИКИСТОН – 0:9
Ӯзбекистон – Эрон – 1:3

Даври 3
ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон – 4:0
Афғонистон – Туркманистон – 1:0

Даври 4
Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:1
Эрон – ТОҶИКИСТОН – 0:2

Дар даври 5-ум вомехӯранд:
18 ноябр (ҷумъа)
11:30 – Туркманистон – Эрон
16:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив