LIVE

Ғалабаи дуюми наврасони тоҷик дар CAFA (U-14)

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Ҳисор ҷараён дорад, дуюмин пирӯзиашро ба даст овард.

Баъди ғалабаи калон бар Туркманистон (9:0), бачаҳои мо тими Ӯзбекистонро (4:0) ноком сохтанд.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 14-сола
Даври 3
ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон – 4:0

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив