LIVE

Роналду бобати Тен Ҳаг: "Ман ӯро эҳтиром намекунам"

Ҳамлагари "Манчестер Юнайтед" Криштиану Роналду фикру андешаҳои худро бобати сармураббии "девҳои сурх" Эрик тен Ҳаг зикр намуд.

"Тен Ҳаг? Ман ба ӯ эҳтиром надорам, зеро ӯ маро эҳтиром намекунад. Агар ту маро эҳтиром накунӣ, ман ҳам ҳамин тавр ҷавоб медиҳам», — иқтибос меорад аз суханони Роналду The Sun.

Ёдовар мешавем, ки Тен Ҳаг расман роҳбарии “Манчестер Юнайтед”-ро 1 июли соли 2022 ба ӯҳда гирифт. Зери роҳбарии ӯ даста дар тамоми мусобиқаҳо 21 бозии расмӣ гузаронида, дар 14 ғалаба, панҷ бохт ва ду маротиба мусовӣ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив