LIVE

Левандовски-барандаи "Кафши тиллоӣ" дар мавсими 2021/22!

Ҳамлагар Роберт Левандовски бори дуюм пайиҳам ҷоизаи "Кафши тиллоӣ"-ро соҳиб шуд. Дар умум тӯли корномааш бошад, маротибаи сеюм ҷоизаи мазкурро ба даст меорад. Ин ҷоизаҳо барои бозӣ дар Бавария тақдим шудаанд. Футболбози лаҳистонӣ, ки мавсими гузашта дар ҳайати “Бавария” бозӣ мекард, дар 34 бозии Бундеслигаи мавсими 2021/22 35 гол зада, 70 имтиёз ба даст овардааст.
 «Ман хеле хурсандам. Боварӣ дорам, ки соли оянда боз ҳам беҳтар хоҳад буд ва умедворам, ки ҳамчун бозигари “Барселона” барандаи “Кафши тиллоӣ” мешавам”, - гуфт Роберт.
Ҳамлавари ПСЖ Килиан Мбаппе бо 28 гол ва 56 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Чиро Иммобиле («Латсио») ва Карим Бензема («Реал Мадрид») 54 хол ба даст овардаанд (мутаносибан 27 гол дар Серияи А ва Ла Лига).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив