LIVE

Бозии Тоҷикистону Русия аз ҷониби ФИФА тасдиқ шуд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) баргузории бозии дӯстона миёни тими миллии Русия ва тими миллии Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Иҷозат барои ташкили бозӣ аллакай дода шудааст, натиҷаи вохӯрӣ ҳангоми ҳисоб кардани рейтинги FIFA ба инобат гирифта мешавад.

Дар ин бозӣ 6 ивазкуниро дастаҳо метавонанд, анҷом бидиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки  17 –уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстонаи дастаҳои Тоҷикистону Русия баргузор мегардад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад ва тариқи шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол»-и Тоҷикистон, инчунин шабакаи «Матч ТВ»-и Русия ба таври мустақим намоиш дода мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив