LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар аввалин бозии дӯстона Русияро шикаст дод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозии дӯстона, ки  7-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар якачини Русия ғалаба кард.
 Вохӯрӣ дар Маҷмааи варзишии Қасри теннис ва  намудҳои обии шаҳри Душанбе бо ҳузури 2750 тамошобин баргузор шуда, бо ҳисоби 10:7 ба фоидаи футзалбозони Тоҷикистон анҷом ёфт. 
Дар ҳайати дастаи мо покерро Файзалӣ Сардоров ба қайд гирифт.  Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва Бахтиёр Солиев ду голӣ заданд. 
 Имрӯз, 8-уми ноябр, тимҳои футзали Тоҷикистону Русия дар Душанбе бозии дувуми дӯстона баргузор мекунанд.  Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.
 Дар бозии дуюм низ аз шогирдони Пайрав Воҳидов ғалабаро интизорем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив