LIVE

"Истиқлол" бо шикаст додани "Куктош" барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд

Дар  бозии даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2022  дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе  ва “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ   ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дар ҳузури 6 500 нафар тамошобин  доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2  хотима ёфт ва ғолибро аз рӯи силсила зарбаҳои 11 метра мушаххас карданд. 
Дастаи “Истиқлол” дар иҷрои зарбаҳои 11 метра муваффақ буд ва тавонист, ки бо ҳисоби 5 бар  4 муқобили “Куктош” ғолибият ба даст биёрад.  
Ҳамин тавр, “Истиқлол”  маротибаи 9-ум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Голҳоро дар вохӯрии имрӯза Муҳаммад Гулаев, Сулаймон Собиров (худгол), Худойдод Узоқов ва Манучеҳр Ҷалилов ба  самар расониданд.
Ёдовар мешавем, ки маротибаи аввал дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош”  дар финали Ҷоми Тоҷикистон майдондорӣ карданд.

Next Post

Комментарии 1

Мухаммад
Мухаммад от 30 октября 2022 02:09
Истиклол ба пеш !!!

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив