LIVE

Доварони тоҷик бозии дӯстонаи Эрон ва Никарагуаро ҳакамӣ мекунанд

Бо даъвати Федератсияи футболи Эрон ҳайати доварон аз Тоҷикистон бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии Эрон ва Никарагуаро, ки 10 ноябр дар Теҳрон баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад.
Довари марказии бозии дастаҳои Эрон ва Никарагуа довари ФИФА Гулмуроди Саъдуллои 31-сола хоҳад буд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Акмал Бӯриеви 36-сола ва Фарҳод Куралови 29-сола кӯмак мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив