LIVE

Иштироки Н'Голо Канте низ дар Ҷоми ҷаҳон зери суол мемонад

Ниммуҳофизатгари  «Челси» Н'Голо Канте аз сабаби осеби зонуяш ба мушкилии ҷиддӣ дуҷор омадааст. Канте бори дуюм аст, ки осеб мегирад ва ин омил боисшуда, ки ӯ вақти бештарро бояд барои табобат сипарӣ созад. Н'Голо Канте бояд чанд ҳафтаи дигар ба муолиҷа машғул шавад ва гуфта мешавад, ки ӯ то Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар сиҳат намешавад. Сармураббии мунтахаби Фаронса Дидйе Дешам бояд 9-уми ноябр рӯйхати бозигарони худро барои Ҷоми ҷаҳон-2022 пешниҳод кунад. Канте бори охир 14-ум август ба майдон баромада буд. «Челси» нияти тамдиди шартнома бо Н'Голо Кантеро надорад, ҳарчанд шартномаи амалкунанда дар охири мавсими солҳои 2022/2023 ба охир мерасад. Яке аз далелҳои бошгоҳи лондонӣ осеби нимҳимоятгар будааст.  Дар айни замон футболбоз дар мавсими солҳои 2022/2023 ҳамагӣ ду бозӣ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив