LIVE

Салоҳ муаллифи хет-трики тезтарин дар таърихи Лигаи чемпионҳо шуд

Ҳамлагари "Ливерпул" - Муҳаммад Салоҳ дар шаш дақиқа се гол зада, рекорди Лигаи Чемпионҳоро аз нав кард. 
Ин ҷавони 30-солаи мисрӣ дар бозии даври 4-уми сабқати гурӯҳӣ бо «Рейнҷерс» дар ҳоле ба майдон баромад, ки дастааш бо ҳисоби 3:1 пешсаф буд. Дар зарфи 6 дақиқаю 12 сония Салоҳ тавонист ба дарвозаи рақибон се гол занад. Вохӯрӣ бо ҳисоби ниҳоии 7:1 ба фоидаи "Ливерпул" анҷом ёфт.
Бояд гуфт, ки дастоварди қаблӣ ба ҳамлагари собиқи «Лион» Бафетимби Гомис тааллуқ дошт, ки соли 2011 дар бозӣ бо «Динамо»-и Загреб (7:1) дар ҳашт дақиқа се гол зада буд.
Дар бозиҳои гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо, Салоҳ дар чаҳор бозӣ панҷ гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив