LIVE

Салоҳ сиҳат шудааст, аммо ба майдон намебарояд

Ҳамлагари “Ливерпул” - Муҳаммад Салоҳ ба зудӣ метавонад ба ҳайати дастааш ҳамроҳ шавад. Футболбози мисрӣ аз ду ташхиси дигар барои коронавирус гузашт, ки ҷавоби манфӣ додаанд. Дар ин бора сармураббии даста Юрген Клопп хабар дод. Қаблан хабар дода шуд, ки Салоҳ дар бозиҳои навбатии дастааш ширкат карда наметавонад, зеро ӯ бояд протоколи тиббии таъсисдодаи Премйер Лигаро вайрон накунад ва тибқи он бояд ҳар як бозигар пеш аз бозгашт ба тамрин накамтар аз 10 рӯз дар хона ба бознишинӣ фаро гирифта шавад.  Салоҳ дар мавсими ҷорӣ дар Премйер Лига ҳашт бозӣ гузаронида, ҳашт гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив