LIVE

"Реал" омодааст, ки Азарро ройгон ба тими хоҳишманд бидиҳад

Тибқи гузориши El Nacional, раҳбарияти дастаи "Реал Мадрид" тасмим гирифтааст, ки ҳамлагари мунтахаби Белгия Эден Азарро ройгон ба дастаи дигар интиқол диҳад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, президенти клуби мадридӣ Флорентино Перес аз фориғболии бозигари белгиягӣ нисбати тамрин ва бозиҳо хаста шудааст ва мехоҳад, ки ӯро ройгон раҳо кунад, то аз ҳисоби маоши ӯ ба буҷаи бошгоҳ маблағ захира шавад. Ҳамзамон «Реал Мадрид»-ро ҳолати ҷисмонии футболкор қонеъ намекунад. 
Дар ин миён гуфта мешавад, ки сармураббии даста Карло Анчелотти дар фикри додани вақти бештари бозӣ ба форварди мазкур аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив