LIVE

700-умин голи Роналду дар фаъолияти бошгоҳӣ

Ҳамлагари португалии тими “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду тавонист барои нахустин бор дар мавсими имсола дар Премйер-лигаи Англия гол занад. Ин ҳол дар бозии даври 10-уми чемпионат рух дод, ки дар он “Девҳои Сурх” дар варзишгоҳи “Гудисон Парк” бо “Эвертон” бозӣ карданд. Илова бар ин, голи мазкур 700-умин голи Роналду дар корномаи варзишиаш бо пероҳанҳои клубҳои футбол гуфта мешавад. Тибқи омор, Криштиану дар тими “Спортинг” панҷ гол, дар “Реал” 450, дар тими “Ювентус”-и Турин 101 ва дар тими “Манчестер Юнайтед” 144 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив