LIVE

«Ливерпул» антирекорди 10 солаашро такрор кард

“Ливерпул” чунин бадтарин оғози мавсим дар чемпионати Англия аз солҳои 2012/2013 надошт. «Ливерпул» дар 8 бозии аввали мавсим 10 хол ба даст овард. Ин бадтарин натиҷаи даста дар 10 соли охир аст. Дар мавсими солҳои 2012/2013 “Ливерпул” низ 10 хол ба даст оварда буд.
Дар бозии охирини худ, ки 9-уми октябр баргузор шуд, «Ливерпул» аз «Арсенал» шикаст хӯрд (2:3). Баъд аз ин бозӣ сармураббии «Ливерпул» Юрген Клопп гуфт, ки даста аллакай аз сабқати қаҳрамонӣ берун рафтааст.
Феълан «Ливерпул» дар ҷадвали умумии Премйер -Лига дар мақоми 10-ум қарор дорад.  Дар даври 10-ум шогирдони Клоппро дидор бо дастаи "Манчестер Сити" интизор аст. Ин бозӣ 16-уми октябр “Энфилд” баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив