LIVE

Ғалабаи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар Муғулистон

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар бозии нахустини мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бар тими миллии то 17 солаи Муғулистон бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард.
Ҳисоб тавасути худгол боз шуд. Бозигари мунтахаби 17 солаи Муғулистон Итгел Балчиндорж  дар дақиқаи 28-ум тӯбро ба дарвозаи дастаи худ ворид намуд. Дар охири қисми аввали бозӣ Абубакр Сулаймонов шумораи голҳои наврасони Тоҷикистонро ба ду расонид. Дар идомаи рақобат бозигари дигари тими миллии наврасони Тоҷикистон Шеравган Саидов ба натиҷаи ин дидор нуқта гузошта, дидори мазкур бо ҳисоби 3 бар 0 хатм шуд. 
Дар даври ниҳоии бозиҳои гурӯҳии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) рӯзи 9 октябр бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив