LIVE

Зайниддин Раҳимов истеъфо дод. Ҷойгузинаш аллакай маълум аст

Раҳматулло Фузайлов - сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17)

Дар ситоди мураббиёни мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тағйирот ба амал омад. Сармураббии даста Зайниддин Раҳимов бо хоҳиши худ аз вазифа озод карда шуд.

Ҳамроҳ бо Раҳимов ёвараш Сафаралӣ Раҳмонов низ аз дастаи наврасон рафт.

Бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон собиқ ҳимоятгари маъруфи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Раҳматулло Фузайлов, ки қаблан роҳбарии бошгоҳҳои КМВА, «Куктош», «Истаравшан» ва «Равшан»-и Зафарободро ба уҳда дошт, сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таъйин шуд. Фузайлов дар замонҳои гуногун ёвари сармураббии дастаҳои ҷавонон (U-20) ва олимпӣ (U-23)-и Тоҷикистон буд.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «Н» бо дастаҳои Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистон бозӣ мекунад. Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив