LIVE

Ғалабаи бузурги мунтахаби Тоҷикистон (U-20) бар тими Лубнон (U-20)

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “I” таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бар тими Лубнон бо ҳисоби 4:0 пирӯзии калон ба даст овард.

Дубли Абдулфаттоҳи Худойдодзода, инчунин голҳои Меҳрубон Каримов ва Фатҳулло Олимзода ба дастаи мо се имтиёз оварданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи "I" рӯзи 18 сентябр  ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Камбоҷа бозӣ мекунанд. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи «I». Даври 2
Лубнон — ТОҶИКИСТОН — 0:4
Голҳо: Меҳрубон Каримов, 14 (0:1). Фатҳулло Олимзода, 44 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 85 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 90+1 (0:4).
Аз майдон ронда шуд: Муҳаммад Ал-Маҳдӣ Ал-Мосавӣ (Лубнон), 74, Фатҳулло Олимзода (Тоҷикистон), 74.
Марди бозӣ: Меҳрубон Каримов (Тоҷикистон).
16 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4300 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив