LIVE

Имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Муғулистон бозӣ мекунад

Дар Душанбе имрӯз, 5 октябр мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад. Дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон барои роҳхатҳои қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

Дар оғози марҳилаи интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов бо ҳамсолони худ аз Муғулистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст. Биёед дастаамонро якҷоя дастгирӣ кунем!

🏆 Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола
⚽️ Даври 1
📆 5 октябр (чоршанбе)
⏰ Бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад
🇲🇳 Муғулистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив