LIVE

Бозии рӯз: Мунтахаби Тоҷикистон (U-20) бо тими Сингапур (U-20) вомехӯрад

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе имрӯз, 14 сентябр мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев дар оғози марҳилаи интихобӣ бо ҳамсолони худ аз Сингапур бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад. Даромад ба Варзишгоҳи марказии Душанбе ройгон аст. Биёед дастаамонро якҷоя дастгирӣ кунем!

🏆 Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
⚽️ Гурӯҳи «I». Даври 1
📆 14 сентябр (чоршанбе)
⏰ Оғози бозӣ соати 20:00 
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇸🇬 Сингапур
🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив