LIVE

Имрӯз дастаи Тоҷикистон (U-19) бо Ӯзбекистон (U-19) вомехӯрад

Имрӯз, 10-уми август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола баргузор мешаванд.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки дар оғози мусобиқот бар тимҳои Афғонистон (4:1) ва Қирғизистон (3:1) пирӯзӣ ба даст оварда буд, имрӯз бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон рақобат менамояд. Вохӯрӣ соати 21:00 оғоз мешавад.

Даромад ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе ройгон аст. Ҳамаро ба тамошои футбол даъват мекунем!

🏆 Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои то 19 сола
⚽️ Даври 4
📆 10 август (чоршанбе)
⏰ 18:00 – 🇮🇷 Эрон – 🇰🇬 Қирғизистон
⏰ 21:00 – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив