LIVE

Шикасти мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври сеюми КАФА-2022

Рӯзи 14 июл дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои занона баргузор шуданд.
Дар ин давр довталабони медали тиллои мусобиқа – тимҳои миллии Ӯзбекистон ва Эрон пирӯзӣ ба даст оварданд. Дастаи Ӯзбекистон бар Туркманистон (6:0) ғолиб омад ва футболбозони Эрон бар тими миллии Тоҷикистон (5:0) зафар ёфт.
Дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Эрон бо касби шаш имтиёзӣ дар ҷадвали мусобиқот пешсафанд ва дар даври ниҳоӣ беҳтарин тими минтақаро миёни ҳам муайян мекунанд.
Рӯзи 17 июл бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби занона баргузор мешаванд. Дар ин рӯз бозиҳои мунтахабҳои Эрон – Туркманистон (оғоз – соати 19:00) ва Қирғизистон – Ӯзбекистон (оғоз – соати 22:00) баргузор мешаванд.
 
Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои миллии занона
Даври 3
Эрон – ТОҶИКИСТОН – 5:0
Голҳо: Афсона Чатренур, 2 (1:0). Ҳастӣ Фурӯзанда, 31 (2:0). Малика Мотеваллитоҳир, 38 (3:0). Ҳастӣ Фурӯзанда, 69 (4:0). Афсона Чатренур, 87 (5:0).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Ҳастӣ Фурӯзанда (Эрон).
14 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 135 тамошобин.
 
Ӯзбекистон – Туркманистон – 6:0
Голҳо: Шаҳризода Зайниддинова, 7 (1:0). Заррина Маматкаримова, 50 (2:0). Заррина Маматкаримова, 59 (3:0). Азиза Норбоева, 64 (4:0). Камила Зарипова, 79 (5:0). Солиҳа Ҳусниддинова, 90+2 – аз пеналти (6:0).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Заррина Маматкаримова (Ӯзбекистон).
14 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 87 тамошобин.
 
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 4
17 июл (якшанбе)
19:00 – Эрон – Туркманистон
22:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон
 
Даври 5
20 июл (чоршанбе)
19:00 – Ӯзбекистон – Эрон
22:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив