LIVE

Шикасти мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз дастаи Ӯзбекистон

Дар Душанбе бозиҳои даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби занона баргузор шуданд.

Дар рӯзи дуюми рақобатҳо мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:6 шикаст хӯрд. Аз ҳайати ғолибон Нилуфар Қудратова хет-трик анҷом дод. Илвина Аблякимова ба номаш дубл сабт намуд. Заррина Маматкаримова як голи дигарро ба дарвозаи тими миллии Тоҷикистон ворид кард.

Дар вохӯрии дигар дастаҳои занонаи Туркманистон ва Қирғизистон натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар гол зананд.

Пас аз анҷоми ду даври мусобиқот дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон бо се имтиёзӣ садри ҷадвалро бо ҳам тақсим мекунанд. Мунтахаби Туркманистон бо ду имтиёз дар зинаи сеюм ҷой гирифтааст. 

Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби занона рӯзи 14 июл баргузор мешаванд.

Чемпионати CAFA-2022 миёни тимҳои занона 
Даври 2
ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон – 0:6
Голҳо: Илвина Аблякимова, 9 (0:1). Нилуфар Қудратова, 11 (0:2). Илвина Аблякимова, 25 (0:3). Нилуфар Қудратова, 34 (0:4). Нилуфар Қудратова, 41 (0:5). Заррина Маматкаримова, 65 (0:6).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Нилуфар Қудратова (Ӯзбекистон).
11 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 150 тамошобин.

Туркманистон – Қирғизистон – 0:0
Беҳтарин бозигари бозӣ: Айжан Боронбекова (Қирғизистон).
11 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 67 тамошобин.

Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 3
14 июл (панҷшанбе)
19:00 – Ӯзбекистон – Туркманистон
22:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

Даври 4
17 июл (якшанбе)
19:00 – Эрон – Туркманистон
22:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

Даври 5
20 июл (чоршанбе)
19:00 – Ӯзбекистон – Эрон
22:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизисто

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив