LIVE

Бозии рӯз: Дастаи Тоҷикистон (U-20) бо тими Лубнон (U-20) вомехӯрад

Имрӯз, 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» баргузор мешаванд.

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Лубнон вомехӯрад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст. Биёед, дастаамонро якҷоя дастгирӣ кунем!

🏆 Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
⚽️ Гурӯҳи "I". Даври 2
📆 16 сентябр (ҷумъа)
⏰ Оғози бозӣ соати 20:00
🇱🇧 Лубнон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив