LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими Тайланд шикаст хӯрд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов баромади худро дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт анҷом дод.

Дар даври чорякфиналӣ дастаи мо дар муборизаи бисёр ҳассос аз мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Футзалбозони тоҷик  дар қисми аввал бо ҳисоби 0:1 шикаст мехӯрданд. Вале дар қисми дуюми бозӣ онҳо на танҳо натиҷаро баробар карданд, балки ба пеш ҳам баромаданд— 2:1. Дар лаҳзаҳои охир футзалбозони Тайланд боз пешсафиро соҳиб шуданд. 30 сония қабл аз садои ҳуштаки ниҳоӣ тайландиҳо голи  пирӯзиоварро ба самар расониданд.

Дар ин бозӣ Иқбол Воситзода ва Идрис Ёров аз ҳайати тими миллии Тоҷикистон гол заданд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 шогирдони Пайрав Воҳидов бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз тими Ӯзбекистон  (2:3) шикаст хӯрда буданд.

Мо ба мунтахаби футзали Тоҷикистон барои бозии шоиста дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт миннатдорӣ баён мекунем!

Ҷоми  Осиё-2022 оид ба футзал 
1/4 ниҳоӣ 
Тайланд — ТОҶИКИСТОН — 3:2
Голҳои Тоҷикистон: Иқбол Воситзода, Идрис Ёров.
4-уми октябр. Кувайт. Маҷмааи варзишии «Саъд Ал-Абдулло».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив