LIVE

Левандовски: "Қабл аз гузаштан ба "Барса" "Реал" ҳам ба ман таваҷҷуҳ дошт..."

Ҳамлагари 34-солаи лаҳистонии «Барселона» Роберт Левандовски гуфт, ки қабл аз гузаштан ба "Барселона" ба ӯ  дастаи дигари испанӣ - "Реал Мадрид" таваҷҷуҳ дошт.

«Реал Мадрид» борҳо ба ман таваҷҷӯҳ зоҳир кард, аммо вақте ки азму устувории «Барселона»-ро дар мубориза барои худ дидам, дар ҳамон лаҳза фаҳмидам, ки гузариши ман ба ин бошгоҳ имконпазир аст. Ман медонистам, ки ин қадами навбатӣ дар касби ман мешавад.

Ман итминон доштам, ки замонам дар "Бавария" ба охир расид ва вақти он расидааст, ки тағйирот ворид шавад”, - иқтибос меорад суханони Левандовскийро Sport.es.

Ёдовар мешавем, ки трансфери Левандовски ба "Барселона" 45 миллион евро арзиш дошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив