LIVE

Левандовски дар "Барселона" 9 млн евро маош мегирад?

Оё Роберт Левандовски дар "Барселона" дар як сол ҳамагӣ 9 миллион евро маош мегирад?

Рӯзноманигори испанӣ Хави Мигел дар Твиттери худ навиштааст, ки ба ҳамлагари лаҳистонии "Бавария" Роберт Левандовски дар "Барселона" маоши хеле камтар аз он ки ҳоло дорад, пешниҳод мешавад. Яъне гузариши бозигар аслан ба молия вобаста нест.

Агар дар айни замон ҳамлагари 33-сола дар бошгоҳи Мюнхен соле 24 миллион евро ба даст оварад, каталониҳо омодаанд ба ӯ дар як сол 9 миллион евро диҳанд, ки ин ба ҳадди маоши нави бошгоҳ 10 миллион евро наздик аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив