LIVE

Месси маоши баланд мегирад ё Бейлу Азар

L'Équipe омӯзиши муфассали маоши бозигарон ва мураббиён дар Лигаҳои беҳтаринро омода кардааст. 
Ҷои аввалро дар Фаронса бозингарони ПСЖ ишғол мекунанд. Неймар аз ҳама бештар дар Лига (ва Аврупо) маош мегирад (дар як моҳ 4,083 миллион евро), дар ҷои дуюм Месси (3,375) ва Мбаппе (2,22) мебошанд.
«Манчестер Юнайтед» дар Англия бо маоши баланди бозигаронаш пешсаф аст. Роналду бо 2,63 миллион евро баландмаоштарин бозигар дар ин Лига аст. Пас аз он Де Брюйне (2,06) ва  Де Хеа, Санчо ва Варан мебошанд.
Дар Испания аввалин Пике (2,33 миллион евро), аммо ҷолиби диққат аст, ки Бэйл ва Азар ба сегонаи беҳтарин дохил шуданд.
Дар Олмон ҳама чизро пешгӯӣ кардан мумкин аст: Левандовски бо 2 миллион евро аввал аст ва Нойер (1,75), Мюллер ва Киммих бо маоши 1,66 миллион евро баъд аз ҳамлагари полшагӣ қарор доранд. 
Дар Италия аз ҳама "Ювентус" саховатмандтарин аст. Дибала - 1,13 миллион евро, Шеснйи, Влахович ва Бонуччи - тақрибан 1 миллион евро маош доштаанд. 
Дар байни мураббиён Симеоне аз ҳама маши баландро соҳиб будааст, ки ӯ 3,33 миллион евро маблағ мегирифтааст, ки ин шаш маротиба бештар аз сармураббии “Бавария” - Нагелсман аст.  Баъдан мураббиёни Премйер Лига Гвардиола (1,89), Клопп ва Конте (ҳар кадоме 1,49), инчунин Аллегри (1,17) ва Почеттино (1,1) қарор доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив