Гузариши ситораи 36-солаи португалӣ Криштиану Роналду аз “Ювентус”-и Турин ба “Манчестер Юнайтед” ба ӯ имкон дод, ки ба зинаи аввали футболбозони сердаромадтарин аз рӯи фарзияи Forbes барояд. Дар ин бора сомонаи Goal хабар нашр намудааст.
Роналду дар мавсими 2021/2022 бо 106,6 миллион евро дар зинаи аввал ҷой гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, Лионел Месси бо 93,8 миллион евро танҳо аз Роналду ақиб мемонад, дар ҳоле ки ҳамтоёни ӯ дар “ПСЖ” Неймар (81 миллион евро) ва Килиан Мбаппе (36,7 миллион евро) чоргонаи аввалро ташкил мекунанд.
Топ – 10 футболбозе, ки аз ҳама маоши баланд мегиранд
1. Криштиану Роналду «Манчестер Юнайтед» - € 106,6 млн
2. Лионел Месси «Пари Сен-Жермен» - € 93,8 млн
3. Неймар «Пари Сен-Жермен» - € 81,0 млн
4. Килиан Мбаппе «Пари Сен-Жермен» - € 36,7 млн
5. Муҳаммад Салоҳ «Ливерпул» - € 35,0 млн
6. Роберт Левандовски «Бавария» - € 29,8 млн
7. Андрес Инйеста «Виссел Кобе» - € 29,8 млн
8. Пол Погба «Манчестер Юнайтед» - € 29,0 млн
9. Гарет Бэйл «Реал Мадрид» - € 27,3 млн
10. Эден Азар «Реал Мадрид» - € 24,7 млн