LIVE

Игуаин корномаашро хотима медиҳад

Ҳамлагари тими “Интер Майами” Гонсало Игуаин эълон кард, ки баъди анҷоми мавсим ба истеъфо меравад. Дар ин бора аргентинии 34-сола дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ҳамлагар ин мавсим то охир бозӣ мекунад. "Интер Майами" барои плей-оффи MLS мубориза мебарад. То ба охир расидани мавсим даста бояд ду бозӣ анҷом диҳад. Дар сурати баромадан ба плей-офф мавсими "Интер Майами" идома хоҳад ёфт.

Игуаин дар аввали мавсим бад бозӣ кард, вале дар 11 бозии охир 10 гол зад. Дар маҷмуъ, ӯ дар ин мавсим 14 гол ва 3 ассист дорад.

Умуман, Игуаин 17 мавсим баромад кардааст. Вай дар тимҳои "Реал Мадрид", "Ювентус", "Милан" ва "Челси" низ бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив