LIVE

тен Хаг дар шикасти дастааш бозигаронро гунаҳгор кард

Сармураббии дастаи «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Хаг дар бораи шикасти дастааш дар бозии даври 9-уми чемпионати Англия бо «Манчестер Сити» (3:6) изҳори назар кард.
«Ин хеле содда аст, омили асосии ин шикаст набудани боварист. Вақте ки шумо дар майдон бовар намекунед, шумо наметавонед дар бозӣ ғолиб шавед, ин қобили қабул нест. Мо дар риояи қоидаҳо эътимод намедиҳем ва дигарон аз ин ҳолат истифода мебаранд.  Барои ман ин як сюрприз буд. Бозии мо бад буд. Ин ба боварии ҳам бозингарон ва ҳам команда вобаста буд. Аз дақиқаҳои аввал ман инро ҳис кардам ва дар вақти танаффус мо вазъиятро тағйир додем. Ва онҳо муносибати худро дигар карданд. Мо баъди танаффус як “Манчестер Юнайтед”-и дигарро дидем ва гол задем. Бо туб далеронатар амал карда, ба нимаи майдони ҳариф даромадем ва се туб задем. Ҳоло ман дар бораи чизҳои хуб фикр карда наметавонам. Мо мухлисони худро рӯҳафтода кардем, худамонро рӯҳафтода кардем ва хеле ноумед шудем " гуфтааст тен Ҳаг.
«Манчестер Юнайтед» айни замон бо 12 имтиёз дар зинаи 6-уми ҷадвали АПЛ мебошад. «Манчестер Сити» дар навбати худ бо 20 имтиёз дар ҷои дуюм аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив