LIVE

Гвардиола сабаби бохти "Манчестер Сити"-ро аз “Реал” гуфт

Сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола назари худро дар бораи шикасти дастааш аз «Реал» баён намуд. 

"Мо наздик будем, вале ба финал баромада натавонистем. Ҳама чиз оддӣ аст. Нимаи аввал миёна буд. Мо ба қадри кофӣ бозӣ накардем, гарчанде ки ба мо лозим набуд, ки аз ҳад зиёд азоб кашем. Пас аз задани гол онҳо беҳтар бозӣ карданд. Мо ритми худро ёфтем ва бозингарон дилпуртар амал кардан гирифтанд. Баъди задани голи мо "Реал" ҳама вақт ҳамла мекард. Ба мо лозим набуд, ки бисёр таҳаммул кунем, аммо футбол баъзан пешгӯинашаванда аст. Ҳоло барои наҷот аз ин нокомӣ вақт лозим аст. «Реал» бо кувваи калон пеш рафт. Эдер Милитао, Родриго, Винисиус, Бензема... Ҳама ба ыармагоҳ ворид шуданд. "Реал Мадрид" пайваста ҳуҷумро аз канорҳо анҷом медод, дар ниҳоят ду гол зад. Мо дар сатҳи муқаррарии худ бозӣ карда натавонистем. Бозингарон фишорро эҳсос карданд ва ин барои бозии нимниҳоӣ муқаррарӣ аст. Чунин аст бозӣ. Мо бояд инро қабул кунем" гуфтааст Гвардиола. 
Дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ «Манчестер Сити» бо ҳисоби 1:0 пешсаф буд, вале дар дақиқаҳои 90 ва 91-ум гол зада, бозӣ ба вақти иловагӣ гузашт. Дар нимаи аввали изофӣ Карим Бензема ҷаримаи 11-метраро ба самар расонд ва нуқтаи охиринро дар бозӣ гузошт. Вохӯрии аввал бо пирӯзии «Манчестер Сити» бо ҳисоби 4:3 анҷом ёфт. Ба ин тартиб, дар натиҷаи ду бозӣ “Реал Мадрид” ба финали мусобиқот роҳ ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив