LIVE

Жозе Моуриню дар бораи бохти дастааш ҳарф зад

Сармураббии "Тоттенхэм"  Жозе Моуриню дар бораи тарк кардани даста аз Лигаи Аврупо изҳори назар кард.

"Ба ғайр аз даҳ дақиқаи охирини вақти изофӣ, ки дар давоми он мо кӯшиш кардем, чизе иваз кунем, Загреб хеле беҳтар ба назар мерасид. Онҳо тамоми 90 дақиқаи вақти асосӣ ва тамоми қисми аввали изофӣ мубориза бурданд ва тамоми нерӯҳои худро дар майдон гузоштанд. Аз бозии дастаи ман маълум набуд, ки мо бозии муҳим мегузаронем. Чунин вохӯриҳо муносибати дигарро талаб мекунад. Ман ноумедам, чизе нагуфтан хубтар аст. Ҳоло ман на танҳо ноумедиро аз сар мегузаронам. Ман бозигаронро аз хатари чунин ҳолат рух додан огоҳ карда будам. Ман гуфтам, ки мо бо нишон додани чунин бозӣ наметавонем ба даври дигар баромада ва он чизе, ки ман дар бораи он гуфта будам, рух дод. Танҳо вақте ки рақиб голи дуюмро зад ва бозӣ ба вақти изофӣ гузашт, онҳо фаҳмиданд, ки мо метавонем хориҷ шавем”, - гуфтааст Моуриню дар саҳифаи расмии УЕФА.
Дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо “Динамо”-и Загреб дар майдони худ “Тоттенхэм” - и Лондонро қабул кард. Бозӣ дар дар Загреби Хорватия баргузор шуд ва бо пирӯзии ҳангомасози мизбонон пас аз вақти изофӣ бо ҳисоби 3-0 хотима ёфт. Сарфи назар аз пирӯзии "Тоттенхэм" дар вохӯрии аввал (2:0), ҳисоби умумии муқовимати ду вохӯрӣ 3:2 ба фоидаи "Динамо" мебошад. Маҳз дастаи Загреб буд, ки ба даври чорякниҳоии Лигаи Аврупо баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив