LIVE

Чаро Неймар ва Килиан душмани ҳамдигар шудаанд?

Муносибатҳои ду ситораи ПСЖ Неймар ва Килиан Мбаппе бинобар беинтизомии ҳамлагари бразилӣ бад шудааст, хабар медиҳад L'Équipe.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Мбаппе дар давоми ду мавсим беинтизомии Неймарро дӯст намедошт ва пас аз имзои қарордоди нав бо бошгоҳ Килиан исрор кардааст, ки Неймарро бифурӯшад.
Нафрат аз ҳамдигар  дар оғози мавсими имсола ба далели ҳаракати бозигарон дар майдони футбол шиддат гирифт. Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода шуда буд, ки Мбапперо таъсири шуҳрат ва нуфузи Неймар дар даста нороҳат мекунад. Дар навбати худ, бразилӣ Мбапперо дар майдон ва берун аз он ба зиёд худхоҳӣ айбдор мекунад.  
Мбаппе дар ин мавсим дар Лига якум дар ҳафт бозӣ ҳафт гол задааст. Неймар дар 8 бозӣ 8 гол ва 7 ассист дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив