LIVE

ПСЖ аз Неймар норозӣ аст ва мехоҳад аз бразилӣ халос шавад

Пас аз нокомии навбатӣ дар мусобиқоти аврупоӣ, роҳбарияти «Пари Сен-Жермен» ният дорад лоиҳаи рушди клубро аз нав созад. Дар ин нақша ҳамлагари бразилӣ Неймар шомил нашудааст. 
Ба гуфтаи ин манбаъ, ПСЖ бо чанд сабаб аз Неймар норозӣ аст. Аввалан, бозии бразилӣ интизориҳоро бароварда карда наметавонад.  Сониян, рохбарияти парижихо тарзи хаёти берун аз футболии форвардро, ки мунтазам дар шабнишиниҳо иштирок мекунад, маъкул намешуморад. Сеюм, яке аз агентҳои Неймар падараш аст, ки бо сарварони ПСЖ то ба ҳол муносибати хубро барқарор накардааст. Ин се омил клубро водор мекунад, ки аз футболбози 30-солаи бразилӣ халос шавад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш ПСЖ дар бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо аз тими “Реал Мадрид” (1:3) шикаст хӯрда буд. Ба далели ин шикаст парижиҳо дар мавсими имсола аз мусобиқоти аврупоӣ канор рафтанд, ки боиси хашми раҳбарияти бошгоҳ шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив