LIVE

31-СОЛАГИИ ИСТИКЛОЛИЯТ МУБОРАК!

Тамоми ҳамватанони азиз ва мухлисонаи шабакаи телевизионии "Футбол"-ро ба муносибати бузургтарин дастоварди миллат – 31-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, садоқат ба миллату давлат дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри шукофоии Тоҷикистони азиз комёбиҳо таманно менамоем.
Маҳз Истиқлол имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдории миллии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озодонаро ба роҳ монанд.
Дар давоми 30 соли Истиқлол бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем.
Бигзор ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба кишвари мо шукуфоӣ, пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирӯзии комил оварад.
Ҷашни Истиқлол муборак бошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив