LIVE

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фархунда бод!

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва сарчашмаи муътамади комёбӣ ва саодати беназиру беҳамтои мардуми шарафманди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар муддати 28 соли истиқлолият таҳти роҳбарии шахси оқилу дурандеш  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба натиҷаҳои шоёну ифтихорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат расидем,ки сарчашмаи асосии он аз сулҳу суботи комил ва таъмини амнияти  мардуми кишвар манша мегирад. Нурафшонии иншооти аср НБО Роғун ва ифтитоҳи агрегати дуюми он ҳам ба таҷлили ҷашни бошукӯҳи давлатӣ рост меояд.
         Дар ин рӯзи фараҳу нишот ба Шумо ва аҳли кормандонатон бахту иқболу барор, тансиҳатию рӯзгори осуда ва пешрафту навгониҳои зиёдро дар кори пурсамаратон  таманно дорем!
           Бигузор ҷашни истиқлолияти давлаии Тоҷикистон  фирӯзу поянда бошад ва мардуми сарбаланди тоҷик тамоми орзую умедҳои деринтизораш ҷомаи амал пӯшад ва Тоҷикистони азизи мо дар ояндаи наздик ҳамчун  кишварҳои пешрафта дар арсаи олам шинохта шавад !
         Бошад, ки ҷашни истиқлолияти ҷумҳурӣ барои мардуми шарифи кишвар  шукуфониву сарсабзиро ҷовидонаро ҳадя созад!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив