LIVE

Пешвои миллат дар Муъминобод майдончаи варзиширо ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод майдончаи варзиширо, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд карда шудааст. Инчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обу тоби бадан беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.
 Майдончаи варзишӣ бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дар он қариб 15 адад чароғҳои хурду бузурги равшанидиҳӣ насб карда шудаанд. Илова бар ин, барои зебогии атрофи иншоот 30 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва 2500 бех гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти мазкур Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони ноҳияи Муъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Муъминобод даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.
 Қобили тазаккур аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома дошта, то соли 2021 дар ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатҳои ноҳия бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз даҳҳо чунин иншооти муосири варзишӣ  ба истифода дода хоҳанд шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив