LIVE

Расман: Марсело - футболбози "Олимпиакос"!

«Олимпиакос»-и  Юнон дар саҳифаи расмии худ аз гузариши ҳимоятгари бразилӣ Марсело хабар дод.

«Ситораи бразилӣ Марсело дар "Олимпиакос"! Клуб расман хариди беҳтарин муҳофизи чапи бразилӣ Марселоро эълон мекунад, ки ҳамакнун либоси сурху сафед хоҳад дошт», - навиштааст нашрияи матбуотии клуб.

"Олимпиакос" ҷузъиёти асосӣ - мӯҳлати шартнома бо Марселоро ошкор накардааст. Тибқи маълумоти Transfermarkt, он то охири мавсими 2022/2023 ҳисоб карда шудааст.

Марселои 34-солаи бразилӣ беш аз 15 сол дар тими “Реал Мадрид” бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ дар 544 бозӣ ширкат карда, дар онҳо 37 гол ва 103 партофти головар кардааст. Ҳимоятгари бразилӣ дар ҳайати "Реал Мадрид" 25 ҷоиза ба даст овардааст, аз ҷумла панҷтоаш аз  Лигаи чемпионҳо.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив