LIVE

Марсело метавонад фаъолияти худро дар чемпионати Фаронса идома диҳад

Муҳофизатгари 34-солаи бразилӣ Марсело, ки қаблан дар “Реал Мадрид” бозӣ мекард шояд дар чемпионати Фаронса корномаи варзишии худро идома бидиҳад. Ба иттилои манбаъ, Марсело метавонад пероҳани “Нитса” ба тан кунад. Музокироти тарафҳо аллакай оғоз шудааст. Ёдовар мешавем, ки Марселои 34-сола беш аз 15 сол дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ дар 544 бозӣ ширкат карда, дар онҳо 37 гол ва 103 партофти головар кардааст. Ҳимоятгари бразилӣ дар ҳайати “Реал Мадрид” 25 ҷоиза ба даст овардааст, аз ҷумла панҷ ғалаба дар Лигаи Чемпионҳо.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив