LIVE

Марсело шаҳри Мадридро тарк мекунад

Ҳимоятгари бразили дастаи «Реал Мадрид» - Марсело мехоҳад фаъолияти худро дар Туркия идома диҳад, хабар медиҳад Marca.Ба иттилои манбаъ, ҳимоятгари бразилӣ аз кишварҳои Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия пешниҳод гирифтааст. Нуқтаи ниҳоӣ барои ӯ Туркия аст. Бозингар тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар он ҷо идома диҳад. Шартномаи Марсело бо клуб ба охир мерасад. Марсело аз соли 2007 дар ҳайати "Реал" бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати даста дар тамоми мусобиқаҳо 545 бозӣ гузаронида, дар онҳо 38 гол задааст ва 103 партофти головар кардааст. Дар ҳайати даста ӯ шаш маротиба қаҳрамони Испания, панҷ маротиба Суперҷоми Испания, ду маротиба Ҷоми Испания ва панҷ маротиба Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардааст. Ёдовар мешавем, ки дар финали Лигаи Чемпионҳо дар мавсими солҳои 2021/2022 «Реал Мадрид» бар «Ливерпул» бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Ин 14-умин ғалабаи “Реал Мадрид” дар Лигаи Чемпионҳо мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив