LIVE

Харри Кейн баъд аз Уэйн Руни ва Алан Ширер қарор гирифт

Ҳамлагари тими “Тоттенхэм” Харри Кейн дар феҳристи беҳтарин нишонзанҳои Премйер Лига ба зинаи сеюм баромад.  Дар даври 4-уми чемпионати Англия «Тоттенхэм» дар сафар бо «Ноттингем Форест» бозӣ кард. Харри Кейн аллакай дар дақиқаи панҷуми бозӣ як гол зад. Дар дақиқаи 81-ум ӯ дубл намуд, ки бо ин нишондод, ӯ ба сегонаи беҳтарин голзанҳои  мусобиқа шомил шуд.  Кейн дар Премйер Лига 187 гол дорад. Танҳо Уэйн Руни (208) ва Алан Ширер (260) бештар гол заданд. Ёдовар мешавем, ки қаблан Кейн рекорди собиқ бозигари «Манчестер Сити» Серхио Агуэро аз рӯи шумораи голҳо дар Премйер-Лигаи Англия дар ҳайати як клуб нав карда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив