LIVE

Антони бо маблағи 100 млн евро ба "Манчестер Юнайтед" мегузарад

Ҳамлагари "Аякс" - Антони ба "Манчестер Юнайтед" мегузарад. Раҳбарияти “Аякс” барои интиқоли ин бозигари бразилӣ ба бошгоҳи инглисӣ розӣ шудааст. Ҷонибҳо дар бораи маблағи интиқол мувофиқа кардаанд, ки он тақрибан 99 миллион евро хоҳад буд. 
Қаблан, «Аякс» ду пешниҳоди "Манчестер Юнайтед" -ро рад кард, ки баъд аз ин Антони шахсан аз бошгоҳ хоҳиш кард, ки ба ӯ иҷозат диҳад, ки фаъолияти худро дар Англия идома диҳад. Футболбози мазкур ҳамчун рамзи эътироз дигар бо даста тамрин намекунад ва рӯзи 21-уми август ӯ дар бозӣ бо “Спарта” иштирок накард. 
Энтони 22-сола ба «Аякс» соли 2020 аз «Сан-Паулу»-и Бразилия гузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив