LIVE

Асенсио пешниҳоди "Реал"ро рад кард ва Перес аз ин дар ғазаб аст

Флорентино Перес сармураббии "Реал"-ро огоҳ кардааст, ки дигар Марко Асенсиоро ба майдон набарорад. "Реал Мадрид" дигар намехоҳад, ки Марко Асенсио дар ин даста бозӣ кунад. Сабаби чунин хулоса баровардани дастаи мадридӣ ин аз хоҳиши худи футболбоз вобастагӣ доштааст. Инро пойгоҳи хабарии  El Confidencial  расонаӣ кард ва ба иттиллоли манбаи мазкур бошгоҳи мадридӣ ба Асенсио шартномаи чорсола бо маоши 5 млн дар як мавсим ва ҷамъи бонусҳо пешниҳод кард. Гуфта мешавад, ки бо чанд омил футболбози мазкур пешниҳоди дастаи мадридиро рад намуд. Ӯ дигар намехоҳад, ки бо пироҳани дастаи "Реал" рӯи майдон барояд. Ҳоло дохили бошгоҳ сабабҳои рад кардани Асенсио ҳаргуна шарҳ дода мешавад. Мегуянд Марко ё аз шартҳои шартнома розӣ нест ва ё пинҳонан бо дастаи дигар гуфтушӯнид мегузаронад. Дар чунин вазъият президенти бошгоҳ Флорентино Перес Карло Анчелоттиро супориш додааст, ки дигар Маркоро дар ҳайати асосӣ рӯи майдон набарорад. Фурӯхтани Марко Асенсио дар ин мавсим қариб, ки ғайриимкон аст, зеро дар баробари анҷоми мавсими ҷорӣ, футболбози испанӣ агенти озод мешавад.  Перес ба он умед мебандад, ки дар сурати имкони бозӣ надодани Асенсио барои агенти футболбоз Хорхе Мендеш ёфтани дастаи нав мушкил пеш меорад. Дар ин ҳол Асенсио маҷбур мешавад, ки шартномаи чорсола бо ин даста ба имзо расонад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив