LIVE

"Челси" ҳамлагари худро ба Италия мефиристад

Ҳамлагари "Челси"  Миши Батшуайи корномаи худро дар чемпионати Италия идома медиҳад. Дастаи навбатии ин футболбоз “Салернитана” мебошад.  Ба иттилои манбаъ, ҳамлагари белгиягӣ ҳоло ҳадафи асосии трансферии бошгоҳи итолиёвӣ мебошад. Батшуайи пас аз анҷоми муҳлати иҷора аз "Бешиктош" ба “Челси” баргашт. Миши ба нақшаҳои Томас Тухел барои мавсими ҷорӣ шомил нест ва ҳоло клуб ва агентҳои футболбоз тақдири минбаъдаи ӯ-ро баррасӣ мекунанд. “Салернитана” бо "Челси" дар бораи шартнома музокира мекунад.
Дар мавсими солҳои 2021/2022 Батшуайи дар ҳайати дастаи «Бешиктош» дар Чемпионати Туркия 33 бозӣ гузаронида, 14 гол ва 5 партофти головар кардааст. Вай инчунин дар панҷ бозии Лигаи Чемпионҳо баромад кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив