LIVE

"Барселона" Юмтитиро ройгон медиҳад

Ҳимоятгари “Барселона” Самуэл Юмтити ба зудӣ ба бошгоҳи итолиёвии “Лечче” мегузарад. "Нилунориҳо" футболбози 28-соларо ройгон озод карда, тамоми маошашро ба ӯ медиҳанд. "Барселона" барои ҳар як иштироки ҳимоятгар дар бозӣ то ҳадди муқарраршуда бонус мегирад. Дар ин бора рӯзноманигор Танкреди Палмери дар Твиттер хабар додааст.

Шартномаи феълии Умтити бо даста  тобистони соли 2026 ба охир мерасад. Ин фаронсавӣ, ки аз соли 2016 дар ҳайати каталониҳо бозӣ мекунад, моҳи январ шартномаашро бо бошгоҳ тамдид кард. Қаблан, сармураббии “Барселона” Хави возеҳ гуфта буд, ки ба хидмати қаҳрамони феълии ҷаҳон умед надорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив