LIVE

Левандовски дар "Барселона" бозигари таърихӣ шуд

Ҳамлагари 34-солаи лаҳистонии «Барселона» Роберт Левандовски ба туфайли дубл дар бозии даври 2-юми чемпионати Испания дар меҳмонӣ бо «Реал Сосйедад» (4:1) дастоварди хеле ғайриоддии оморӣ ба даст овард. Левандовски дар таърихи «Барселона» танҳо сеюмин бозигар шуд, ки тавонист дар рӯзи зодрӯзи худ дар бозии чемпионати Испания ду гол занад. Охирин касе, ки ба чунин дастовард ноил шуд, Роналдуи бразилӣ буд ва он 26 сол пеш, 22 сентябри соли 1996 он вацт низ бо «Реал Сосйедад» бозӣ карда буданд, ин нишондодро ба қайд гирифта буд. Аввалин нафаре, ки дар рӯзи мавлуди худ гол зада буд, ин Хулио Салинас соли 1988 дар муқобили “Элче” ба қайд гирифта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив