LIVE

Каземиро рӯзи шанбе ба Манчестер сафар мекунад

"Манчестер Юнайтед"  мехоҳад, ки интиқоли Каземироро аз "Реал" ҳарчи зудтар баррасӣ кунад. Бошгоҳи Премйер Лига ба нимҳимоятгари 30-солаи бразилӣ хеле таваҷҷӯҳи зиёд дорад. "Манчестер Юнайтед" мехоҳад, то рӯзи шанбе гузаришро анҷом диҳад. Дар "Реал Мадрид" аллакай хулоса бароварданд, ки  онҳо бояд ба пешниҳоди интиқоли Каземиро диққати ҷиддӣ диҳанд, агар худи бозигар инро талаб кунад. Рӯзи Душанбе бошгоҳи Манчестер, ки пас аз ду бохт дар оғози мавсим дар мавқеи  20-уми ҷадвал қарор дорад, дар майдони худ "Ливерпул"-ро қабул мекунад. Каземиро дар ҳайати "Реал Мадрид" аз соли 2013 бозӣ мекунад ва бо дастааш 5 маротиба Лигаи Чемпионҳоро ба даст овардааст. "Манчестер Юнайтед" омодааст, ки ниммуҳофизатгарро гаронарзиштарин бозигар дар Англия намояд. Ҷониби "Реал" иқрор шудааст, ки барои ин футболбозаш агар 80 млн дар буҷаат надоштабошӣ, беҳтараш муроҷиат накунед, чунки ӯ дастнорас аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив