LIVE

Дастаи Тоҷикистон дар CAFA-2022 (U-19) сеюм шуд

ЭРОН - ҒОЛИБИ CAFA-2022 (U-19)! ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН МЕДАЛИ БИРИНҶӢ БА ДАСТ ОВАРДАНД

Бо пирӯзии тими Эрон дар Душанбе севумин мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола ба поён расид. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев барандаи медали биринҷии чемпионат гардид.
 
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар даври ниҳоии чемпионати CAFA-2022 аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар дастаҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон мусовӣ карданд - 1:1.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии мусобиқот мунтахаби ҷавонони Эрон 8 имтиёз ба даст оварда, барандаи мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид. Якбора ду даста — Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 6 холӣ ба даст оварданд. Аммо бо сабаби ғалаба дар вохӯрии байниҳамӣ медалхои нукра насиби тими ҷавонони Ӯзбекистон гардид. Ҷавонони Тоҷикистон нишонҳои биринҷиро ба гардан овехтанд.

Дар маросими ҷоизасупории чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ширкат намуданд.

Ҷоизаи «Fair Play» насиби тими Афғонистон ва ҷоизаи махсус аз они тими Афғонистон гардид. Беҳтарин нишонзани мусобиқа нимҳимоятгари тими миллии Ӯзбекистон Шаҳриёр Ҷабборов (3 гол) дониста шуд. Капитани дастаи Эрон Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ беҳтарин  бозигари чемпионат эътироф гардид.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола
Даври 5
ТОҶИКИСТОН — Эрон — 0:4
Голҳо: Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ, 10 (0:1). Саид Сахархизан Гендешмин, 15 (0:2). Амирризо Исломталаб, 25 (0:3). Амир Шаҳим, 82 – аз пеналти (0:4).
Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов (Абдулло Шарипов, 46), Меҳрубони Абдурауф, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Фахриддин Аҳтамов, Фатҳулло Олимзода (Аббос Андалибов, 81), Кабир Салимшоев (Амирҷони Фаррухзод, 81), Бежан Нишонбойзода (Салоҳиддин Иргашев, 85), Иброҳим Зокиров, Салам Ашӯрмамадов (Далер Шарипов, 63), Сунатулло Азизов (Асадбек Ҷӯрабекзода, 63).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ (Эрон)
12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 6200 тамошобин.

Афғонистон – Ӯзбекистон – 1:1
Голҳо: Аслиддин Турсунпӯлатов, 8 (0:1). Ҳасибулло Аҳадӣ 18 (1:1).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Файсал Саид Хил (Афғонистон)
12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив