LIVE

Перес ба дархости мухлисон дар бораи даъвати Роналду посух дод

Соҳибмулки “Реал Мадрид” Флорентино Перес ба дархости мухлисони “Реал Мадрид” дар бораи бозпас гирифтани ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду посух дод. Воқеа дар яке аз толорҳои меҳмонхонаи пойтахти Финландия, шаҳри Ҳелсинки баргузор шуд, ки онҷо  Суперҷоми УЕФА байни «Реал Мадрид» ва «Айнтрахт» доир шуд.
"Криштиану? Боз ӯ? Дар 38 солагӣ? — Перес ба дархости мухлисоне, ки ӯро дар меҳмонхона диданд, посух дод.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ояндаи Криштиану Роналду бо як қатор клубҳо, аз ҷумла “Реал”,  “Атлетико”,  “Челси” ва “Бавария”  алоқаманд мекунанд. Бо вуҷуди овозаҳои зиёд, португалӣ то ҳол як бозигари “Манчестер Юнайтед” аст. Ҳамлагари 37-сола дар мавсими гузашта дар 30 бозии АПЛ ба задани 18 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив